16:34 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Дар ҷараёни сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ  ба маблағи умумии 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дошта,   дар доираи амалишавии онҳо  дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули  мошингузар сохта мешавад. 

Татбиқи лоиҳаҳои мазкур  ба беҳтар намудани шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт ва пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунии вилоят мусоидат менамояд, гузориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд.

"Лоиҳаи пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад ва он аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию пулсозии “Темелсу интернэшнл сервис пинк”-и давлати Туркия таҳия гардидааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Бо дарназардошти он ки роҳи маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ аҳамияти байналмилалӣ дорад, дар нақша аст, ки ояндаи наздик қисми боқимондаи ин шоҳроҳ низ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда шавад.

Ҳоло дар вилоят корҳои сохтмону навсозӣ  дар 506 иншооти таъйиноти гуногун  ба маблағи беш аз якуним миллиард сомонӣ идома дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ