02:07 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
489 0 0

Вазорати энержӣ ва захираи оби Тоҷикистон эълом кардааст, ки тавлиди барқ дар ҷумҳурӣ дар ҳафт моҳи гузашта наздик ба 190 миллион киловат соат коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Авеста, дар ин муддат дар Тоҷикистон 12 миллиарду 50 миллион киловат соат барқ тавлид шудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 190 миллион киловат соат камтар аст.

Гуфта шудааст, ки ҳарчанд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар имсол барои тавлиди 21 миллиард киловат соат барқ барномарезӣ карда буд, вале ба назар мерасад, ки дастёбӣ ба ин ҳадаф ба далели коҳиши оби вурудӣ ба садди неругоҳҳои барқи обии ин кишвар ғайримумкин хоҳад буд.

Аз ин рӯ ширкати давлатии Барқи Тоҷик дар аввалҳои моҳи август бо вуҷуди тааҳҳудоти қаблиаш барои интиқоли 3 миллиард киловат соат барқ ба Афғонистон ва Узбакистон, содироти барқ ба ин ду кишварро қатъ кард.

Қаблан Мирзо Исмоилзода, мудири ширкати давлатии Барқи Тоҷик гуфт, дар шаш моҳи соли равон ба Афғонистон 546 миллиону 600 ҳазор киловат соат ва ба Узбакистон 358 миллиону 300 ҳазор киловат соат барқ содирот шудааст, ки даромади ин содирот дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2019 сездаҳу ним миллион доллар коҳиш нишон медиҳад.

Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, Вазорати энержӣ ва саноат, коҳиш, тавлид, барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ