03:51 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду давлат маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Тоҷикистон 164 шаҳрвандашро аз Қазоқистон баргардонд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз 164  Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Алмато ба Душанбе баргаштанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 17 август 221 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи "Жибек Жоли"-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан оварда шуданд.

Ҳамчунин 10 август 182 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Алмато ба Душанбе баргардонида шуданд.

Афзоиши гирифторону қурбониёни коронавирус дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон

Бояд тазаккур дод, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду давлат маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ