12:47 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
2175 0 0

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии худ номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълиро дар интихоботи 11 октябр пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба президентӣ пешниҳод кардааст.

Дар ин бора аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва иштирокдорони анҷуман бо нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмонро инчунин Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил пешниҳод карда буд.

То ҳол Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократӣ ва Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун номзад ба президенӣ пешниҳод гардиданд.

Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон интихоботи президентии 2020-ро байкот карда, раиси ҳизб Раҳматилло Зоиров нақзи қонунгузорӣ дар раванди интихоботро таъкид намуд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
Барчаспҳо:
Иттифоқи ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ