Сарфаи вақту пул: Тоҷикистон тасмим дорад барӯйхатгирии аҳолиро тариқи интернет гузаронад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкВход в интернет, архивное фото
Вход в интернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони Идораи омор дар вилояти Суғд мегуянд, барои сарфа намудани вақт ва ҳам кам кардани хароҷоти иқтисодӣ, дар давраи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар кишвар аз истифодаи интернет кор мегиранд

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Накҳатзода Ҳокимбек, сардори Саррёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло ниҳоди онҳо барои истифода аз ин усули камхарҷу муосир дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров интернет-пурсиши таҷрибавӣ доир кардаанд.

Перепись населения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот гуфт чигуна барои барӯйхатгирии аҳолӣ омодагӣ гирифтааст

“Дар рафти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил мо тасмим гирифтем, ки ба ҷуз усули анъанавӣ, яъне пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо, аз истифодаи технологияи муосир планшет ва интернет-пурсиш кор бурда шавад. Ҳоло натиҷае, ки аз ҷараёни интернет-пурсиши таҷрибавӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст меояд, дар вақти шурӯъ шудани вақти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ҳамаи шаҳру навоҳии Суғд он ҷорӣ карда мешавад”, - гуфт Накҳатзода дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба фармони раисиҷумҳур имсол аз санаи 1 то 15 октябри соли ҷорӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил доир карда мешавад.

Ин маъракаи сартосарӣ ба гуфтаи масъулини давлатӣ ба хотири дақиқ намудани шумори сокинони кишвар ва шароити дастрасии онҳо ба масоили иҷтимоӣ аз ҷумла манзил арзёбӣ карда мешавад. Накҳатзода афзуд, дар кори барӯйхатгирии аҳолии Суғд, 8000 нафар корманди кироя ба ҳисоби кормандони идораи омор дар шаҳру навоҳии ин вилоят ҷалб карда мешаванд.

Всероссийская перепись населения 2010 - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии шаҳри Душанбе барои гузаронидани барӯйхатгирии умумии аҳолӣ

Бино ба гуфти ӯ давоми бештар аз ду ҳафтаи ҷараёни ин маъракаи муҳим масъулин, аз 1300 планшети баҳисобгиранда мақсаднок истифода хоҳанд бурд. Сардори Идораи омор дар Суғд қайд намуд, ки чи гуна кормандони ниҳоди онҳо ва аҳолӣ дар ин маъракаи муҳими давлатӣ аз шабакаи интернет истифода намуда, дар пешгирӣ намудани масрафи вақт ва хароҷоти иқтисодӣ саҳм гузошта метавонанд.

“Аз 1 ум то 25 уми апрели соли 2020 дар сатҳи вилоят мо тавонистем, ки руйхати хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматиро ба ҳисоботҳо ворид кунем. Кормандони Идораи омори вилоят кӯшиш намуданд, ки телефонҳои мобилии ҳар як хонаводаро ба қайд гиранд. Ана дар ҳамин телефонҳо паёмак ва СМС ба суроғаи ҳар як хонавода ирсол карда мешавад ва дар он рамз ё коди истифодабаранда ба сомонаи интернетии Идораи омор: www. aholi.tj нишон дода шудааст. Дар ин сурат сарфаи вақти аҳолӣ ва масъулини барӯйхатгиранда ҳам кам мешавад”, - афзуд сардори Сарраёсати омор.

Аксар сокинон ҳам истифодаи интернетро дар баробари сарфаи вақт, яке аз омилҳои камхарҷ доир шудани маъракаҳои муҳими давлатӣ арзёбӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0