23:42 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баъди истироҳати тобистона ба кори худ баргаштанд, хабар дод котиботи парлумон

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ намуд, изҳор доштааст Муҳаммадато Султонов дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар нуҳ кумита - оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва се комиссияи доимии вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қонунҳоро ҳамаҷониба омӯхта, ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ҳар ҳафта рӯзи душанбе баргузор мегардад, пешниҳод менамоянд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 63 вакил иборат мебошад ва интихоботи охирини вакилон моҳи марти соли равон баргузор шуд.

Бар асоси гузориши расмӣ, дар интихоботи парлумонии 1 март аз 4,9 миллион нафар интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ 5 ҳизб ба парлумон роҳ ёфт.

Аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,4 фоизи овозҳо ва 12 курсии вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,5 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61 дарсади овозҳо - 4 курсӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10 дарсади овозҳо - 1 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 5,15 дарсади овозҳо - 1 мандати вакилиро соҳиб шуданд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бо 3,1 дарсад ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо 0,32 фоизи овозҳоро ба даст оварданд.

Инчунин дар интихобот 59 ҳазору 30 нафар, 1,39 дарсад мухолифи ҳама овоз додаанд. 

Барчаспҳо:
тобистон, истироҳат, таътил, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ