11:57 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
126 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор нақшаи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар пойтахтро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва мавзеъҳои кабудизори пойтахт, қарори Рустами Эмомалӣ барои ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 имзо шуд.

Бар асоси қарор, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва идораҳои давлатӣ вазифадор  шудаанд, ки ҳар моҳ ба раиси пойтахт дар бораи корҳои анҷомдодаашон ахборот пешниҳод намоянд. 

“Корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд”, - омадааст дар қарор.

Рустами Эмомалӣ назорати иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи муовинаш вогузор кардааст.

Барчаспҳо:
ниҳолшинонӣ, Душанбе, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ