14:00 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52101

Аз ҷониби мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт воридоти 24 ҳазору 549 кило чойи хушки пастсифати сиёҳ пешгирӣ гардида, тибқи низоми “Реэкспорт”, аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik.  Тавре аз Агентии “Тоҷикстандарт” иттилоъ доданд, чанде пеш аз ҷониби ширкати “Мирзо Анвар”, воқеъ дар ноҳияи Спитамени  вилояти Суғд, ки тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён 24 ҳазору 549 кило чойи хушки сиёҳ ворид намудааст, ба Маркази ташхисии Агентии “Тоҷикстандарт” барои гузарондани корҳои сертификаткунонӣ дархост ворид гардид, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар раванди гузарондани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур муайян шуд, ки  намунаи чойи хушк аз рӯи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ - ГОСТ 32573-2013 “Чойи сиёҳ. Шартҳои техникӣ” ва Регламенти техникии Тоҷикистон “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиқ нест.

Инчунин масъулони агентӣ зикр карданд, ки дар самти пешгирӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифати ба саломатӣ хатарнок ва таъмини риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ - регламентҳои техникии Тоҷикистон мунтазам аз ҷониби мутахассисон бо воридкунандагон ва истеҳсолгарони маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

Манбаъ қайд кардааст, ки новобаста ба корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, то ҳол соҳибкороне ҳастанд, ки ба бемасъулиятӣ роҳ дода, маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта ва ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ набударо ба фурӯш бароварда, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро зери хатар мегузоранд.  

Барчаспҳо:
чой, воридот, маҳсулоти пастсифат, Тоҷикстандарт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ