13:25 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1731 0 0

Арзиши гази моеъ аз асоситарин маводи сӯзишвории нақлиёт дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз дар шаҳру навоҳии кишвар тағйир ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Ҳоло арзиши фурӯши ин маводи сухт то ба 4, 2 - 4 сомонӣ арзон шудааст, ки дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ 10 % поён гуфта мешавад.

Нархи гази моеъ дар моҳҳои июн ва июл дар замони баъди қарантина аз пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон аз 2, 5 сомонӣ то ба 4, 5 - 4, 7 сомонӣ баробар шуда буд. Аммо ҳеҷ касе аз масъулини ширкатҳои воридкунандаи маводи сухт ва ҳам масъулони давлатӣ сабаби рӯз ба рӯз ва то 55 % болоравии нархро расман шарҳ намедоданд.

Баъзе аз роҳбарони таъмингоҳҳои маводи сӯхт дар суҳбатҳои сарироҳӣ мегуфтанд, ки ҷаҳиши нарх ба мушкили воридоти он рабт дорад. Вале бархе соҳибназарон тағйири нархи газ дар Тоҷикистонро дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 шарҳ медоданд.

"Дар оғози моҳи май вақте мақомот сабти бемории вируси каронаро расман тасдиқ карданд, гаштугузори мошинҳо дар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб коҳиш ёфт. Дар ин миён қимати газ то ба 2, 4 сомонӣ поён рафт. Аммо баъди хатми муҳлати қарантинаи хонагӣ ва эълони вазъи муътадили беҳдоштӣ дар кишвар ҳаракати восиатҳои нақлиёт бештар шуд ва ба ин минвол нархи гази моеъ умдатарин василаи ҳаракатдиҳандаи нақлиёт ҳам ба маротиб баланд шуд”, - таъкид мекарданд, соҳибназарон ба Sputnik Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

"Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон нафт" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

Баъзе аз моликони ширкатҳои яклухтфурӯши маводи сӯхт мегуянд, ҳоло роҳи воридоти он аз қаламрави кишварҳои Қазоқистон ва Федератсияи Русия осонтар шудааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик боз ҳам нархи газ дар кишвар поён бурда шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ