13:53 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
841 0 0

Дар ин шаҳраки навобод ҳамаи 67 хонаи истиқоматӣ пурра омода ва ба истифода дода шуданд. Сохтмони сартарошхона, маркази савдо ва дорухона идома дорад

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Хуросон, баъди сели харобиовари моҳи май шаҳраки наву замонавӣ ифтитоҳ гардид, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Дар маросими ифтитоҳи шаҳрак раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва риси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода иштирок доштанд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин шаҳраки навобод ҳамаи 67 хонаи истиқоматӣ ва бунгоҳи тиббӣ пурра омода ва ба истифода дода шуданд, корҳои сохтмони сартарошхона, маркази савдо ва дорухона ҳамоно идома дорад.

"Бо пешниҳоди Сарвазир қарор қабул шуд, ки шаҳраки нав “30-солагии Истиқлолияти давлатӣ” номида шавад", - афзудааст КҲФ.

Рустам Назарзода дар бораи сокинони зарардидаи Хуросон ва муҳлати охирини сохтмони хонаҳо

То кунун 1,4 километр роҳ мумфарш шуда шуда, 18 чоҳи об кофта ба истифода дода шудааст, барои таъмини сокинон бо нерӯи барқ 83 симчӯби баландшиддат ва ду трансформатор шинонда шудааст. 

Зимни суханронии худ дар ин маврид Сарвазири кишвар қайд кард, ки баъди селҳои харобиовари моҳи май дар ин макони нав барои осебдидагон ва кулли онҳое, ки хонаҳои хешро аз даст доданд, дар як муддати басо кутоҳ сохтмони хонаҳои замонавиву зебои истиқоматӣ анҷом шуд, бо ҳама асбобу ашёи зарурӣ таъмин гардид ва ба соҳибонашон тақдим шуд. 

Ғайр аз ин чанде пештар аз ҷониби КҲФ ба сокинони ин хонаҳои навбунёд бистару болишт, асбобҳои зарурӣ барои ошхона, аз ҷумла дегу табақ, сатилҳо, корду қошуқ ва ғайра расонда шуд.   

Бандишозода: сокини Хуросон баъди латтукӯби корманди пулис худро аз ошёнаи дуюм партофт

Дар навбати худ сокинон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумакҳои саривақтӣ ва ёриҳое, ки ба шарофати онҳо дар кутоҳтарин муддат ин хонаҳо қомат рост карданд ва осебдидагон бо манзилҳои нав таъмин гардиданд, изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ