07:07 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони дар ҷаласаи навбатии худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, “Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода”-ро баррасӣ намуданд. 

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин пешниҳодҳои вакилон барои ворид шудан ба ҳайати Гурӯҳи миллии Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ҳайатҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ,  Гурӯҳи миллии Иттиҳоди Парлумонии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ, Гурӯҳи миллии Ассамблеяи парлумонҳои Осиё,  кумитаҳои умумии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,  комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ), инчунин ташкили Гурӯҳи ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумони  Аврупо, баррасӣ шуд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар Шӯрои Маҷлис пешниҳодҳои вакилон барои таъсиси Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Русия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони кишвар бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Афғонистон,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Арманистон, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Шӯрои намояндагони Ассамблеяи Миллии Баҳрайн, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Парламенти Шотландия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони  бо Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия, ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Австралия,  ташкили  Гурӯҳи  дӯстӣ ва ҳамкории  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Шӯрои Миллии Парламенти Австрия,  ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони  Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Амрико аз ҷониби аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба дастгирӣ карда шуд.

Гуфта шудааст, ки вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯро сухан гуфта, пешниҳоди масъалаҳои мазкурро дар рӯзномаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ намуданд.

Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, баррасӣ, пешгирӣ, ИДМ, созишнома, парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ