12:17 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1446 0 0

Агенти зидди фасоди Тоҷикистон эълон кард, ки раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ барои гирифтани ришва ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Агенти зидди коррупсия, шахси боздоштшуда Ҳалимов Амирхон Бобохонович мебошад, ки дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ кор мекард.

“Ӯ ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, санаи 01 июни соли равон аз шаҳрванд “А” барои аз ҳудуди Ҷамоати мазкур ҷудо карда додани 0,05 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 14 ҳазор сомонӣ талаб намуд. Ҳалимов Амирхон аз ин маблағ 5000 сомониашро пешакӣ гирифт ва сипас овардани маблағи боқимонда талаб кард”, - таъкид намудааст Агенти зидди коррупсия.

Гуфта шудааст, ки санаи 3 июн дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳалимов Амирхон баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи нӯҳ ҳазор сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта мусодира шудааст.

Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳалимов Амирхон Бобохонович бо моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятииҷуҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Агентӣ зикр кардааст, ки дар ҳоли ҳозир тафтиши пешакӣ идома дорад.

Барчаспҳо:
гирифтани пора, раис, Агентии зидди фасоди Тоҷикистон, пора, ришва, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ