10:11 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
782 0 0

Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, се далели дигарбора пешниҳод шудани Эмомалӣ Раҳмонро ба президентӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ба гуфтаи Абдуҷаббор Азизӣ, он барномаеро, ки Эмомалӣ Раҳмон ва ҲХДТ соли 2013 пешниҳод карда буданд, дар маҷмуъ иҷро гардид.

Азизӣ дар идома бо зикри се далел шарҳ дод, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатӣ имконияти бештари иҷрои барномаи пешазинтихоботиро дорад.

“Номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ се имконияти ҷиддӣ дорад,  якум - таҷрибаи бузурги сиёсӣ, дуюм - собиқаи амалии идоракунӣ ва сеюм - неруи бузурги кадрӣ ва ҷонибдорони зиёди мавқеи ҳизб”, - тавзеҳ дод ноиби аввали Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи Азизӣ, Эмомалӣ Раҳмон, номзади ҲХДТ ба интихобот бо барномаи ҷадид, ки фарогири ҳама самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аст, ворид мегардад. Барномаи пешазинтихоботии номзади пешбаринамуда ба мансаби Президенти Тоҷикистон масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаро фаро мегирад, навиштааст “Ховар” аз қавли Азизӣ.

Масъулин зикр кардаанд, ки Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон беш аз 494 ҳазор нафар аъзо дорад, ки аз ин шумора 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ