22:33 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
464 0 0

Феълан донишҷӯёни тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил шудаанд, бо далели набудани парвозҳои мунтазам наметавонанд вориди Русия шавад 

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил шудаанд, феълан наметавонанд бо далели набудани парвозҳои мунтазам байни ду кишвар ба таҳсил оғоз кунанд, гузориш медиҳад РИА Новости дар истинод ба сафорати Русия дар Душанбе.

Аммо кабинаи вазирони Русия масъалаи тамдиди рӯйхати шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуқуқи ворид шудан ба Русияро доранд, баррасӣ мекунад, таъкид карданд дар сафорат.

"Мутаассифона, феълан донишҷӯёни тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил шудаанд, бо далели набудани парвозҳои мунтазам байни ду кишвар наметавонанд таҳсилро оғоз кунанд. Сафорати Русия аҳамияти ташкили таҳсили рӯзонаи шаҳрвандони хориҷиро дар донишгоҳҳои Русия ба назар гирифта, масъалаи тамдиди рӯйхати шаҳрвандонеро баррасӣ доранд, ки ҳуқуқи сафар ба Русияро доранд", - изҳор дошт намояндаи сафорат.

Вазири маориф: Русия фақат барои донишҷӯён сарҳадро боз намекунад

Ба гуфтаи вай, феълан сафорат бо тамоми мақомоти дахлдор масъалаи барқарор кардани парвозҳои мунтазам ва ё вижаро баррасӣ доранд, то тавонанд донишҷӯёни тоҷик низ сафар кунанд.

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия бо дарназардошти мушкилии мазкур ба донишгоҳҳо дастур додааст, ки дарсҳои фосилавӣ ташкил кунад.

Дар дарсҳои фосилавиро донишҷӯёне мехонанд, ки ба Русия тавонистанд сафар кунанд, аммо дар карантини дуҳафтаина ҳастанд.

Муроҷиати Вазорати маориф ба донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои Белорусу Украина дохил шудаанд

"Бо дарназардошти ин ҳама ба донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия, ки феълан дар Тоҷикистон қарор донад, тавсия дода мешавад, ки ба муассисаҳои дохилшудаашон дар бораи дарсҳои фосилавӣ пурсон шаванд", - афзуданд дар сафорат.

Мавзӯъҳои асосӣ