01:14 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (740)
769 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шабонарӯзи гузашта 33 бемори COVID -19 муолиҷа карда шуда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар кишварро нашр кард.

Тибқи иттилои Вазорат, дар як шабонарӯзи охир 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 33 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар 24 соати гузашта дар ҷумҳурӣ 34 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  8724 нафар баробар гардид.

Пешгирӣ аз мавҷи дуюм: КҲФ барои пешгирӣ аз COVID - 19 дар Душанбе овезаҳо насб кард

"То санаи  4 сентябр дар мамлакат  7515  (86,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 69  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз мардум даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (740)
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ