10:24 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
822 0 0

Ду корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддааз ҷониби Ҳукумати Тоҷикисон бо медалҳои “Ҷасорат” ва “Хизмати шоиста” сарфароз шуданд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik.  Дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қатори дигар намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд, хабар медиҳад КҲФ.

Ҳамин тавр, сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, полковник Сулаймон Исозода ва Сардори Сардори Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ–радиометрӣ полковник Дмитрий Стотский бо медалҳои “Ҷасорат” ва “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд. 

Рӯзи 4-уми сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи миллат дар як вазияти ботантана ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супорид.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофот, Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо гардида, шароити зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст.

Муҳофиз, модар ва зани "майдон": як рӯзи Фарзона Каримова - видео

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамару поквиҷдонона ва хизмати фидокоронаву содиқонаи ҷавонмардони бонангу номуси миллат, яъне кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро дар ин раванд бисёр назаррас ва арзишманд арзёбӣ кардааст.

Ногуфта намонад, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ музди меҳнати онҳо низ зиёд карда шуд.

Барчаспҳо:
қадрдонӣ, медал, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ