02:24 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1551 0 0

Назокат Ёрматова, омӯзгори собиқадори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 15 ва собиқ муовини раиси шаҳри Хуҷанд бар асари бемории “илтиҳоби шуш” дар синни 62 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъ Ёрматова чанд рӯзи охир аз бемории “илтиҳоби шуш” дар Бемористони клиникавии Суғд табобат мегирифт, вале рӯзи гузашта дунёро падруд гуфтааст.

“Дирӯз хабар расид, ки муаллима бандагӣ кардаанд. Аз шунидани ин хабари шум то ҳол ба худ наомадаем. Муаллима як зани нексиришт, ғамхор ва барои шогирдону ҳамкорон меҳрубон буданд”, - гуфт аз ҳамкорони марҳум Ёрматова.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон Ёрматова Назокат Абдукаримовна соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Дар соли 1979 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод, ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро бо ихтисоси таърих ва ҷомеашиносӣ хатм намуда, фаъолияти кории худро дар макатаби № 7 шаҳр шурӯъ кардааст.

Баъдан тӯли ин солҳо Ёрматова дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҷумла директори мактаби № 3, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд, мудири шуъбаи маорифи Хуҷанд, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва директори гимназияи № 24 ва директори МТМУ № 15 Хуҷанд фаъолият пурсамар намудааст.

Масъулони Идораи кор бо занон ва ҳам шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд аз Назокат Ёрматова ба унвони зани фаъол, омӯзгори собиқадор ва як зани соҳибхирад ёд карда, даргузашти ӯро талафоти ҷуброннопазир маънидод карда, ба аҳли хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ ва сабри ҷамил баён кардаанд.

Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Хуҷанд, шаҳр, муовини раис, омӯзгор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ