05:54 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
387 0 0

Хоҷагии “Ватан”-и токпарвари машҳур Неъматҷон Усмонов ба парвариши ангури навъи нави Президент оғоз кардааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Хоҷагии деҳқонии “Ватан” соли 2008-ум таъсис ёфта, дорои 28 гектар замин мебошад. Аз ин ҳисоб 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Манбаъ таъкид кард, ки имсол дар хоҷагии деҳқонии “Ватан” парвариши навъи нави ангури Президент ба роҳ монда шуд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, роҳбари хоҷагии Ватанро деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъматҷон Усмонов ба ӯҳда дорад.

Парвариши таҷрибавии "Кардинал"-и чинӣ

Неъматҷон Усмонов инчунин муассиси Хоҷагии деҳқонии “Неъмат Ҳоҷӣ”, ки дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.

“Дар токзори хоҷагӣ ҳамчунин ба таври таҷрибавӣ навъҳои “Чиликӣ” ва “Кардинал”, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудааст, парвариш меёбанд”, - илова намуд дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, ки то ҳол коргарони хоҷагӣ ангурҳои навъи “Ҳусайнӣ”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сиёҳу сафед”-ро шинонида, аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.

Барчаспҳо:
Турсунзода, ангур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ