02:22 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
266621

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилӣ хостааст, ки барои қишри камбизоати аҳолӣ таруфаҳои арзон пешниҳод кунанд. Се ширкат ин даъватро пазируфтаанд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Акмал Ҷӯраев, сардори шӯъбаи танзими алоқаи барқии Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вақте таруфаҳои ширкатҳои мобилӣ боло рафтанд, дар расонаҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб зада шуд ва Агентӣ тасмим гирифт, ин масъаларо бо ширкатҳои мобилӣ ба миён гузорад.

Норозигии мардум аз гаронӣ ва хоҳиши мақомот аз ширкатҳои мобилӣ

“Онҳо дар аввал розӣ нашуданд, зеро ин таруфаҳо хароҷоти техникӣ, музди меҳнат, андоз ва дигар пардохтҳояшонро бароварда намекунанд. Мо расман ба онҳо муроҷиат намуда, хоҳиш, ҳатто илтимос кардем, ки барои мардуми камбизоат, донишҷӯён ва дигар қишрҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир, бигзор, ки як фоизи муштариёни ширкатҳоро ҳам ташкил кунанд, таруфаҳои арзонро роҳандозӣ намоянд”, - гуфт Акмал Ҷӯраев.

Моҳи апрели соли равон ширкатҳои мобилии Тоҷикистон таруфаҳои худро боло бурданд ва арзонтарин таруфа дар ҳаҷми 30 сомонӣ муқаррар шуд, ки ин вазъ интиқодҳоеро алайҳи онҳо ба бор овард. Муҳимтарин интиқод ҳам ин буд, ки ин таруфаҳо ҳаққи мардуми камбизоат барои дастрасӣ ба алоқаи арзонро поймол мекунанд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон аз ин тағйирот пуштибонӣ карда, далоили онро ба сатҳи таваррум, авзоъи иқтисодии ҷаҳон, авомили дохиливу хориҷӣ, ба унвони мисол, пуштибонии фаннӣ аз барномаҳои гаронқимат, суратҳисоб, ки аз хориҷ ва ба доллар танзим мешаванд, вобаста дониста буд.

Хадамот гуфта буд, ки ширкатҳои мобилӣ барои пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи давлат ҳудуди 40% - и даромади нохолиси худро харҷ мекунанд ва ин роҳи онҳоро ба сӯи ироаи хадамоти бокайфият, рақобат ва рушд душвор мекунад.

Тарофаҳои аз 2 то 7-сомонӣ пешниҳод шудаанд

Сардори шӯъбаи танзими алоқаи барқии Хадамот мегӯяд, ҳоло ширкати “Мегафон” таруфаҳоро ба 2 – сомонӣ, 5 – сомонӣ ва 7 – сомонӣ ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод кардааст, ки мавриди омӯзиши мутахассисони ин ниҳод қарор гирифтааст.

“Мо мебинем, ки оё ин таруфаҳо ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ мувофиқат мекунанд ё хайр. Пас аз он ки қабул шуд, худи ширкат онҳоро ба мизоҷон эълон мекунад. Ширкатҳои “Z – mobile” ва “Вавилон” ҳам як чунин таруфаҳоро пешниҳод карданд. Масалан, “Z – mobile” таруфаеро пешниҳод кардааст, ки пардохташ сифр аст ва он барои мизоҷ имкон медиҳад, ки дар ҳоли зарурӣ аз мултибастаҳо инфиродӣ истифода кунад, аммо ҳамеша дар хат бошад”, - гуфт Акмал Ҷӯраев.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар кишвар чор ширкати мобилӣ - Тсел, Вавилон, Мегафон ва “Z – mobile” фаъолият мекунанд, ки дар умум 6 миллиону 458 ҳазору 990 муштарӣ доранд ва 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафари онҳо фаъол мебошанд.

Барчаспҳо:
алоқаи мобилӣ, алоқа, нарх, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ