10:01 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
450510

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи додани рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, имсол дар арафаи ҷашни Истиқлол, танҳо як нафар рубтаи махсуси генерал-полковник гирифт

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik.  Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон бо рутбаи махсуси “генерал-полковники адлия” сарфароз гардонида шуд, хабар дод котиботи Агентии мазкур.

Аз муфаттиш дар ВМКБ то Агентии зидди фасод ва додситони кул

Салимзода 1 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалик зода шуда, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1980 аз кор мақоми ҳуқуқшиноси иттиҳодияи “Селхозхимия”-и Кӯлоб оғоз карда, баъди хизмат дар артиш ба кор дар мақомоти додситонӣ дар ВМКБ гузаштааст. Ӯ ба ҳайси ёвари калони додситон, муфаттиши калони додситонии ВМКБ, баъдан дар мақомоти ҳизбӣ дар ВМКБ ва Кӯлоб, сипас ба ҳайси додситони шаҳру навоҳии гуногуни кишвар кор кардааст.

Аз соли 1998 то 2002 додситони шаҳри Душанбе буда, аз соли 2002 то 2007 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2007 бо фармони раисиҷумҳур роҳбари ниҳоди навтаъсис – Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардид.

Аз моҳи июни соли 2009 мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аз январи соли 2010 ҷойгузини Бобоҷон Бобохонзода дар мақоми Додситони кулли Тоҷикистон шуд. Соли 2015 аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон озод гардид ва баъдан ба ҳайси раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуда буд. Солҳои охир дар мақоми директори Агентии назорати маводи нашъаовар кор мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди Президент
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди Президент

Се соли қабл дар арафаи ҷашни Истиқлол рутбаи генерал – полковник ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дода шуд.

Аз мақомдорони феълӣ рутбаи генерал – полковникро инчунин Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ соҳибанд.

Миёни генерал-полковникҳои бознишастаи тоҷик нисбатан шинохта Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиа ва  Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ вазири мудофиа ва котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон мебошанд.

Соли равон дар арафаи ҷашни Истиқлол бо фармони раисиҷумҳур ба 13 нафар, аз ҷумла ба 1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия, 1 нафар генерал-лейтенанти гвардия, 4 нафар  генерал - майор, 1 нафар генерал-майори адлия, 2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, 1 нафар генерал-майори милитсия, 3 нафар генерал - майори хадамоти гумрук супорида шуд.

Барчаспҳо:
президент, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ