22:38 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
239424

Номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ тағйир ва ислоҳи қонуни молиётро хостор шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Сайидҷаъфар Усмонзода дар ташреҳи барномаи интихоботии худ гуфтааст, ки яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар роҳи пешрафти иқтисоди Тоҷикистон - молиёти болост, ки ин кишварро дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон бо молиёти сангин қарор додааст, иттлоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Намояндаи феълии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон афзуд, тасвиби қонуни ҷадиде барои молиёт дар Тоҷикистон зарурат дорад то молиёти феълӣ 50 дарсад коҳиш ёбад.

Усмонзода гуфт, қонуни феълӣ роҳи пардохти ришва ба кормандони хадамоти давлатии молиётро низ ҳамвор мекунад ва ин мавзуъ муҷиби коҳиши қобили мулоҳизаи бахши даромади буҷаи Ҳукумат мешавад.

Вай ҳамчунин хостори тағйири асосӣ дар сохтори вазоратҳои саноат, рушди иқтисод ва тиҷорат ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон шуд.

Аз дидгоҳи ин номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон бештари оморҳои ироашуда дар ин вазоратхонаҳо дар бораи рушду пешрафти кишвар ғайривоқеӣ аст.

Усмонзода афзуд, дар Тоҷикистон донишомӯхтаҳои донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон зиёд ҳастанд, ки метавонанд барои кор дар сохторҳои иқтисодӣ ҷазб шаванд.

Барчаспҳо:
номзад, номзадҳо, ислоҳ, қонун, молиёт, Интихоботи президентӣ, Тоҷикистон, интихобот

Мавзӯъҳои асосӣ