05:20 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
87410

Дар Тоҷикистон ба нашри китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров оғоз карданд. Ин китоб ба ҳамаи хонаводаҳо дастрас хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik.  Тибқи супориши Тоҷикистон,  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар" ин китоб аз тарафи чопхонаи "Нашриёти муосир" нашр мешавад.

Амри президент: китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров чоп ва ба ҳар як оила туҳфа шавад

"Нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад", - омадааст дар хабарнома.

"Барои ба даст оварданаш даҳ бор мерам": Истиқболи гарм аз чопи “Тоҷикон” дар Кобул

Манбаъ афзуда, ки нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар  иқдоми ватандӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи дарки худогоҳиву худшиносии наврасону ҷавонон нақши босазо мегузорад.

Барчаспҳо:
тоҷикон, Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ