Вазорати корҳои хориҷии Амрико сафар ба Тоҷикистонро хатарнок хонд

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина в защитной маске
Мужчина в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Асоси ин изҳорот - тавсияҳои Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Амрико будааст, ки 6 август Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои аз ҷиҳати сирояти коронавирус хатарнок ворид кардааст

ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Амрико аз шаҳрвандонаш дар робита бо хатари гирифторшавӣ ба коронавирус аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Аз он шаҳрвандони Амрико, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, ҳамчунин тақозо карда мешавад, ки бо далели таҳдиди терроризм дар минтақа эҳтиёткор бошанд.

"Марказ аз шаҳрвандони Амрико даъват меорад, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд, ба истиснои ҳолати сафарҳои хидматӣ, ё барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона, дар робита бо вазъи саломатӣ ва ё ҳалли мушкилиҳои оилавӣ", - омадааст дар изҳороти марказ.
Флаг США, Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш: агар Тоҷикистонро тарк карданӣ бошед, шитобед

Асоси ин изҳорот - тавсияҳои Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Амрико будааст, ки 6 август Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои аз ҷиҳати сирояти коронавирус хатарнок ворид кардааст.

Дар изҳороти расмии марказ, ки дар вебгоҳаш нашр шудааст, гуфта мешавад, ки "Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое шомил аст, ки хатари олудашавӣ ба коронавиурс дар он бузург аст".

То 5 сентябр Амрико Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳое шомил карда буд, ки дар он бояд қоидаҳои бехатарӣ аз коронавирус қатъиян риоя мешуданд. 

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, феълан бештар аз 8792 нафар дар кишвар мубталои коронавирус шуда, 70 тан қурбони беморӣ гаштаанд.

Эҳтиёткор бошед: ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон

Афзун бар ин, Вазорати корҳои хориҷии Амрико шаҳрвандонашро аз таҳдиди терроризм дар Тоҷикистон огоҳ кардааст. "Террористон хориҷиёни дучархаронро зери ҳададфашон қарор додаанд, аммо дигар ҷойҳо, аз ҷумла клубу ресторанҳо, меҳмонхонаҳо, мактабу минтақаҳои истироҳатӣ аз хатари ҳамлаи террористон холӣ нестанд".

Лентаи хабарҳо
0