13:02 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
528 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, дар деҳаи Патари Конибодом занеро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Манбаъ менависад, мақомоти милиса дар Суғд ду ҳолати ташкили фоҳишахонаро ошкор карда, гумонбаронро дастгир ва нисбаташон парвонади ҷиноӣ боз кардааст.

Чунончи, марди 24-солаи шаҳри Конибодом табдил додани манзили зисташ ба "макони робитаҳои маҳрамона" гумонбар мешавад.

ВКД менависад, "Номбурда, санаи 4-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба ҷавони 24 ва зани 37-солаи сокинони шаҳри мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст".

Дар ҳолати дувум, зани 44-солаи деҳаи Пӯлодони ҳамин шаҳр муттаҳам аст, ки дар деҳаи дигари шаҳр - Патар фоҳишахона ташкил кардааст.

"Номбурда, санаи 6-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро ба марди 36 ва зани 28-солаи сокинони шаҳри мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - тавзеҳ медиҳад вазорат.

Нисбати ҳарду ҳам бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ