Путину Трамп раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик карданд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Руасоиҷумҳури Русия ва Амрико Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон табрик намуданд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз Владимир Путин, президенти Русия дар як паёми шодбошӣ мардум ва раисҷумҳури Тоҷикистонро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтааст.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Хатари мавҷи дуюми коронавирус: дар Тоҷикистон таҷлили Истиқлолият манъ шуд

Аз ҷумла дар паёми Владимир Путин омадааст: муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба муносибати ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимиро қабул фармоед.

“Кишвари Шумо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гардида, дар умури минтақавию байналмилалӣ нақши созанда мебозад”, - таъкид доштааст Путин.

Вай қайд кардааст, ки муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқиву шарикии стратегӣ ба таври фаъол рушд меёбанд.

“Ҳамкориҳои мо дар самтҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба ва дар чорчӯбаи ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ вусъат ёфта истодааанд”, - зикр кард роҳбари Русия.

Владимир Путин изҳори боварӣ кардааст, ки афзоиши минбаъдаи тамоми маҷмӯи равобити Россияву Тоҷикистон ба манфиатҳои аслии мардумони дӯсти мо ҷавобгӯ буда, дар маҷрои таҳкими субот ва амнияти Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.

Министерство образования Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф: қатъи “маршировка” – и наврӯзӣ ва омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолият

Дар охири паём Владими Путин ба ҳамтои тоҷикаш саломатии қавию муваффақият ва ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ орзу намудааст.

Ҳамзамон, дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, ки субҳи имрӯз барқияи табрикотӣ аз номи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба унвони Эмоалӣ Раҳмон низ расид.

Дар ин барқия Доналд Трамп навиштааст: аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти беҳтарини худро ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди соҳибистиқлолии миллӣ ирсол менамоям.

“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари Шумо ҷонибдорӣ мекунад. Ман хоҳони идомаи шарикиамон ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистони демократӣ, босуботу осоишта, ҳамчунин густариши рушди иқтисодии минтақавӣ мебошам. Изҳори умед менамоям, ки дар ҳоле, ки мо ба хотири  таъмини амнияти воқеӣ ва сулҳи пойдор дар Афғонистон, инчунин суботу худиктифоии он якҷоя кор мекунем, ин шарикӣ танҳо рушд хоҳад ёфт”, - таъкид доштааст Доналд Трамп.

Вай ҳамчунин илова кардааст, ки Амрико минбаъд низ ҷонибдории худро ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар муборизаи дастаҷамъона бар зидди COVID-19 ва дар роҳи барқарорсозии иқтисодиёт идома хоҳад дод.

“Мутмаинам, ки ҳамкориҳои  ду кишвари мо дар солҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт”, - навиштааст Доналд Трамп.

Лентаи хабарҳо
0