Ятимӣ, зангирӣ бо қарз, кулбаи бедар ва духонагии Президент: саргузашти Муҳаммад-видео

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМуҳаммадҷон Ҳусейнов, табибе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ манзили дуҳуҷрагӣ ваъда дод
Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табибе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ манзили дуҳуҷрагӣ ваъда дод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммад Ҳусейнов, табибе, ки дар замони авҷи коронавирус дар Тоҷикистон бо нашри як навор бо дидаи гирён ҳамкасбонро хизмат ба халқ даъват карду ахиран аз раисиҷумҳур ваъдаи хонаи дуҳуҷрагӣ гирифт, дар як филми мустанад, саргузашташро нақл карду шароиташро намоиш дод

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Дар филм, ки зери унвони “Шикасти вабо” нашр шудааст, Муҳаммад ва модараш аз ҳаёташон қисса мекунанду шароити кору зиндагияшшонро нишон медиҳанд.

С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой - Sputnik Тоҷикистон
“Номардо”: гилаи Зулайхо аз овоза кардани ишқаш дар рӯзи мавлуд-видео

Модари Муҳаммад мегӯяд, шавҳараш соли 1992 аз тарафи военкомат ба тарафи Қӯрғонтеппа рафта буду паронда шуд, ки он замон писараш ҳамагӣ сесола буд.

Аз компотфурӯшӣ то пешниҳоди хонадоршавӣ ба модар-навор

Ба гуфтаи Муҳаммад, падараш дар 27-солагӣ кушта шуд ва модараш он замон ҳамагӣ 24 сол дошт. Ӯ гуфт, борҳо масъалаи хонадоршавии дигарбораро ба модар пешниҳод кард, аммо модар шояд ба хотири ба дасти падарандар наафтидани фарзандонаш дигар шавҳар накард.

Модар нақл кард, ки Муҳаммад худаш аз кӯдакӣ барои таъмини хонавода талош мекард, офтобпарасту компот мефурӯхт ва аз он ҳатто як тину як сумашро барои худ сарф намекард, барои хароҷот ба хона меовардааст.

Қиссаи ошиқшавии Муҳаммад ба ҳамкор ва зангирӣ бо қарз-видео

Ҳусейнов нақл кард, ки вақте аввал дар шуъбаи эҳёгарии кӯдакона дар Қарияи Боло ба кор даромад, он ҷо бо ҳамсари ояндааш, ки ҳамкасбаш будааст, шинос шуд.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкорӣ бо Эрон ва дастур ба Прокурори генералӣ

“Оилаам ҳамкасбам буд, маъқул шуд. Ман рақамҳояшро гирифта, ҳар бегоҳ шеърҳои ошиқона равон мекардам ва рӯзе иқрор шудам, ки ин манам. Суп-сурх шуд. Соли 2016 беморхонаи “Истиқлол”-ро кушоданд, як сол ин ҷо кор кардем ва соли 2017 аз бонк 10 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, хонадор шудем. Пули бонкро супоридему зан фоида монд”, - бо шӯхӣ нақл кард Ҳусейнов.

Ӯ афзуд, ки қариб ду сол дар кулбаи навбунёдаш, ки дар надошту зимистон дар тирезаҳо салафан зада буданд, зиндагӣ кард. Ӯ афзуд, дар муҳоҷират, ки ҳудуди 1,5 сол дар партовгоҳу 1,5 соли дигар дар сохтмонҳо кор карда, корҳои сохтмониро ёд гирифта, кулбаеро барои худ сохт.

"Мардум худаш намехӯрду ба табибон ғизо медод, ки хизмат мекунед"

Дар мавриди замони авҷи коронавирус дар кишвар, Ҳусейнов аз мардуми кишвар тавсиф кард, ки ҳамон рӯзҳо мардум ғизо меоварданд, ки бачам ту хизмат карда истодаӣ. Мардуми мо бениҳоят моро дастгирӣ кард, изҳор дошт Ҳусейнов.

Ӯ гуфт, вақте ваъдаи хонаи дуҳуҷрагиро доданд, орзуи модараш иҷро шуд, ки ҳамеша мехост дар чунин биноҳои баландошёна соҳиби манзиле шавад.

“Аз хурсандию ҳаяҷони зиёд дигар намедонистам, чӣ кор кунам, ба оғӯш гирифтаму дуо кардам, ки бачам Худо баракатат диҳад”, - нақл кард модари Муҳаммад.

Лентаи хабарҳо
0