06:47 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1241750

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон, дар баробари сарони давлатҳои дигару шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон бо ирсоли паём ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, солгарди Истиқлоли давлатиро шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Имоми исмоилиёни ҷаҳон дар паёмаш ба раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ба муносибати ҷашни 29-умин солгарди  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гармтарин табрикоту шодбошиҳои худро иброз медорам.

Оқохони IV дар паёмаш ба Раҳмон таъкид намудааст, ки ӯ ва бунёдаш иқдомеро, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои шукуфоии иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии кишвар эълон намудааст, бо азми қавӣ дастгирӣ мекунад.

“Бори дигар азми қавии Имомати Исмоилӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушдро ҷиҳати дастгирии иқдом ва ҳадафҳое, ки Ҳукумати Шумо дар бобати шукуфоии иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ, ҳамчунин фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои тамоми мардуми кишвари бузурги Шумо эълом намудааст, тасдиқ менамоям”, - омадааст дар паёми Оқохони IV, ки котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст.

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон афзудааст, ки барои сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистон дуо мекунад.

“Барои сулҳу субот ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуо мекунам ва ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, орзуҳои накӯи бародарона ва эҳтироми бепоёни худро изҳор менамоям”, - таъкид шудааст дар паём.

Барчаспҳо:
Рӯзи Имомат, Оқохони IV, 80-солагии пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ