14:17 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1467 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти боз як ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ тайи шабонарӯзи гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди умумии фавтидагон дар кишвар бар асари COVID-19 то имрӯз ба 71 нафар расид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ аз 30 апрел то  5 сентябр 8 ҳазору 899 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз ин  7  ҳазору 683 нафар шифо ёфтаанд. Вазорат таъкид намуд, ки теъдоди шифоёфтагон беш аз 83 дарсадро ташкил медиҳад.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

Барчаспҳо:
фавт, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ