20:59 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4855 0 0

Раиси Ҳукумат ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ВКД Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом додааст. Мувофиқи он муовини вазири корҳои дохила аз нав таъин гаштааст

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Имрӯз, тибқи ду қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои дохилаи кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. 

Мувофиқи он, Саидзода Маҳмадсаид Борон аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод гардида, ба ҷои вай Ҳамидзода Бароталӣ Партов таъин гардидааст.

Саидзода Маҳмадсаид Борон
Саидзода Маҳмадсаид Борон

Тавре дар қарори Ҳукумат қайд карда мешавад, далели барканории муовини вазири корҳои дохилӣ "ба кори дигар гузаштан" аст.

Муовини нави вазир кист?

Ҳамидзода Бароталӣ Партов – генерал-майори милитсия, соли таваллудаш 16 ноябри 1967, миллаташ тоҷик, маълумоташ Олӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 12 декабри соли 1989. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: "Ифтихорнома"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали "Ҷасорат".

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Орипов сардори Идораи санитарию эпидемиологӣ шуд

Нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, нозири калони хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири шӯъбачаи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири взводи ШБДА, муовини командир оид ба техникаи ШБДА, сардори шӯъбачаи назоратӣ-техникии ШБДА, командири баталёни алоҳидаи роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, муовини сардори Раёсати бозрастии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали сардори РКД-и ш. Душанбе, Сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавзӯъҳои асосӣ