Дар Бадахшон ба муаллимону табибон хона доданд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСвязка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ишкошими Бадахшон ба кормандони давлатӣ, муаллимон ва табибон хона доданд. Мақомоти вилоят ин иқдомашро бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлол амалӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Ишкошим 24 корманди давлатӣ соҳиби хона шуданд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар деҳаи Рошорви ВМКБ нерӯгоҳи хурд сохта шуд

Гуфта мешавад, бахшида ба 29-умин солгарди  Истиқлол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бинои  нави 24-ҳуҷрадори истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди истифода қарор дода шуд. 

Дар маросими расман ба истифода додани бинои мазкур  раиси ВМКБ  Ёдгор Файзов ширкат додааст.

"Сол то сол сатҳ ва шароити кору зиндагии кормандони давлатӣ беҳтар мегардад. Фароҳам овардани шароити хуби кор ва зиндагӣ ба  фаъолияти пурсамари кормандон мусоидат менамояд. Хукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзанд, ки кормандон ва аҳли оилаи онҳо, пеш аз ҳама, бо манзили зист таъмин гарданд. Бо ин  мақсад дар мамлакат  сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои кормандони давлатӣ  меафзояд", - изҳор доштааст вай дар суханрониаш.

Раҳмонзода дар ВМКБ: боздид аз сохтмони мактабу бонк то гармхонаҳои Давлатмамадов

Сипас Ёдгор Файзов  ба кормандон калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида, онҳоро табрик гуфт.

Хизматиёни давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки  соҳиби манзили зист гардиданд, изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0