04:19 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
219 0 0

Иншооти нав дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент қомат афрохта, корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шуд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Имрӯз, 12 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон медиҳад.

Иншооти нав дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент қомат афрохта, бино аз таҳхона ва се ошёна иборат аст.

"Дар даромадгоҳи Шуъбаи минтақавӣ қуттии арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавҷуд мебошад, ки робитаи ҷомеаро бо мақомоти коррупсия бештар намуда, саҳми онҳоро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа зиёд мегардонад", - менависад манбаъ.

Таҳхонаи бино аз толори варзишӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои кориву иншооти ёрирасон иборат мебошад.  Дар ошёнаи 1-уми бинои Шуъбаи минтақавӣ ҳуҷраи навбатдори оперативӣ, утоқҳои корӣ ва китобхона ҷойгир аст.

Қабати дуюми иншоот барои ҳуҷраҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамаи ошёнаҳо ва гирду атрофи бино камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.

Сафари кории Раҳмон ба ноҳияи Айнӣ: “ТАЛКО Флюорит”-ро кушоду аз “ТАЛКО Голд” хабар гирифт

Дар ошёнаи сеюми бинои тозабунёд 3 хонаи дуҳуҷрагӣ барои кормандон бунёд гардидааст. Ҳамаи хонаҳо бо ҷиҳоз ва ашёи рӯзгор таъмин шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ