21:32 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
235 0 0

Дар Панҷакент тантанаҳои бахшида ба 5500-солагии Саразм оғоз шуданд. Дар он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард ва бо фаъолон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 12 сен - Sputnik. Имрӯз,12 сентябр дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм президент Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм суханронӣ кард, гузориш медиҳад котиботи раисҷумҳур.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати 29 — солагии истиқлоли давлатӣ ва 5500-солагии Саразм табрику таҳният гуфт, менависад манбаъ.

"Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи донишмандону муҳаққиқон ва иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии "Саразм — оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон"- ро ба диёри зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри бостонии Панҷакент хайрамақдам гуфтанд", - афзудааст котибот.

Президент таъкид кардааст, ки ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.

Маводу далелҳои илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд ва ин созмони бонуфуз 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ шомил намуд.

Қарор доир ба таҷлили ҷашни 5500 — солагии Саразм ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷакент “Саразм плаза”-ву ҶСП “Мармари Саразм”-ро кушод

Сарвари давлат ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр менамоянд, изҳори ташаккур карда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки хеле заҳматталаб, вале пурифтихор мебошад, барору комёбӣ орзу кард.

Мавзӯъҳои асосӣ