04:37 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2438 0 0

Муҳаққиқ Раҳмоналӣ Мирализода, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъйин гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Таъйиноти Раҳмоналӣ Мирализодаро ба мақоми сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод.

Қаблан Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мақоми сардори раёсати табъу нашр ва матбуотро ба озмун гузошта, аз довталабони кор дар ин мақом хост, санадҳоро пешниҳод кунанд.

Дар эълони нашркардаи Вазорати фарҳанг, маоши мансабии сардори раёсати табъу нашр ва матбуотро 2392 сомонию 20 дирам гуфта шуда, аз довталабон 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ талаб карда шуд.

Дар феҳрасти талаботи дигар – “дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ” таъкид шудааст.

Шоир Давлат Сафар, ки қаблан сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг буд, соли гузашта ба вазифаи директори Муассисаи нашриявии “Адиб” таъйин гардида буд.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ