19:10 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
42510

Санаи 28 ва 29 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Баргузории нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳти раёсати Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орифов сарвазирони ду кишвар ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои 28 ва 29 сентябр  пешбинӣ шудааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Интизор меравад, ки ҳайате аз мақомоти олии рутбаи ӯзбекистонӣ таҳти раёсати сарвазири ин кишвар ба манзури баррасии равобити байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф дар рӯзҳои поёнии моҳи ҷорӣ, вориди Душанбе шавад.

Ду тарафи тайи ин музокирот  мавзӯи бозгушоии марзҳо ва азсаргирии иртиботи ҳавоии байни ду кишварро, ки авосити моҳи марти соли ҷорӣ бар асари шуюъи вируси ҳамагири корона қатъ шудааст, мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Дар ҷараёни ин нишасти тарафайн ҳамчунин қасд доранд, мавзӯоти тавсеъаи тиҷорати дуҷониба, проектҳои сармоягузорӣ ояда‌дор, густариши иртиботот дар заминаи ҳамлу нақл ва иртиботот, равобити байни манотиқро баррасӣ кунанд.

Ҳаҷми арзаи барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва қиммати он барои як соли оянда аз дигари мавзӯот  хоҳанд буд, ки дар нишасти отии камиссиюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣу иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар  ҳамоҳанг хоҳанд шуд.

Соли гузаштаи милодӣ Тоҷикистон ба Ӯзбекистон  як миллиарду 425,1 миллион киловатт  соат  барқ бо қиммати 2 сент бар як киловатт арза кардааст. Ҳаҷми куллии содироти барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар соли 2019 мелодӣ 28,5 миллион доллар баровард шудааст.

Тоҷикистон ба навбати худ зарфи соли гузаштаи мелодӣ аз Ӯзбекистон 140 миллион метри мукааб гази табиӣ ба маблағи 17,7 миллион доллар харидорӣ кардааст.

Барчаспҳо:
баррасӣ, иҷтимоӣ, комиссия, иқтисодӣ, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ