05:14 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
426 0 0

раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳошияи сафар ба Суғд ба ноҳияи Мастчоҳи вилоят ташриф овард

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Имрӯз,14 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кишвардор Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Сокинони ноҳия президентро самимона истиқбол гирифтанд.

"Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат ба ноҳияи Мастчоҳ шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон, ифтитоҳи якчанд иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мебошад", - менависад котибот.

Гуфта мешавад, президент нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Суғдиён-Свердловск"-ро ба истифода дод.

Бо ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иқтидори корхонаи мазкур дар самти барориши чӯҷа ба 2 миллиону 970 ҳазор сар баробар аст ва имкон дорад, ки талаботи дигар корхонаҳои парандапарвариро бо чӯҷаи якрӯза таъмин намояд.

Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва ба фурӯш баровардани чӯҷаи якрӯза мебошад. 

 

Корхонаи муштарак дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия аз ҷониби соҳибкорони ҳарду давлат бунёд карда шудааст.

Садҳо сол бештар аз 5500: Раҳмон гуфт, амрикоию фаронсавиҳо Саразмро чандсола медонанд

Мавзӯъҳои асосӣ