14:15 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1102210

Милисаи Душанбе бештар аз 20 нафарро ба иттиҳоми барқдуздӣ ва ба ин васила расонидани зарари махсусан калон ба буҷаи давлат боздошт кардааст. Онҳо кормандони Хадамоти алоқа ва шабакаҳои барқи ноҳияҳои Душанбе гуфта мешаванд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ҳамин тавр, ба иттилои РВКД дар Душанбе, нахуст як нафар мутахассиси технологияи иттилоотӣ, ба истилоҳ "хакер" дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда бо истифода аз таҷҳизоти махсуси компютерӣ нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқии шаҳрвандонро кам намуда, бо ин роҳ ба талафоти неруи барқ нигоҳ накарда, ба буҷаи давлат зарари калони молӣ расонидааст.

"Ин нафар шаҳрванд Азизов Маҳмадӣ Болтаевич, санаи таваллудаш 12 сентябри 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак-1, оиладор соҳиби 4 фарзанд, ҷойи кор – кафшергари силкии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад", - менависад манбаъ.

Номбурда давоми соли 2017 бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо истифода аз таҷҳизот ва барномаҳои махсуси компютерӣ роҳи кам кардани нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои электронии барқиро пайдо намуда, бо ин мақсад барои худ дар манзили истиқоматиаш компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ҷойгир ва барои ба хотираи махзанҳои ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ворид намудани тағйирот шароити мусоид фароҳам овардааст.

Давоми моҳи декабри соли 2017 барои амалӣ намудани ин нақшаи ҷинояткоронаи тарҳрезинамудааш ҳамкори худ шаҳрванд Собиров Тоҷиддин Достиевич, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи деҳаи Ободдараи Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор, оиладор соҳиби 2 фарзанд, ҷойи кор – кафшергари Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт байни худ амалҳоро тақсим намудаанд.

Собиров Тоҷиддин аз рӯи нақшаи тарҳрезӣ кардаашон амал намуда, ҳамчун вазифаи миёнарав барои ҷалб намудани нозирони шабакаҳои барқии ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо нозирони шабакаҳои барқ шиносоӣ пайдо намуда, ба онҳо иҷрои чунин амали ғайриқонуниро пешниҳод кардааст.

Минбаъд бо миёнаравии ӯ нозирони барқ аз манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ҳисобкунакҳои барқиро худсарона бе тартиб додани санадҳои лозимӣ кушода гирифта, баъди маслиҳати пешакӣ бо муштариён бо пешниҳоди маблағи муайяни пулӣ ҳисоби онро кам мекардаанд.

Дар идомаи чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯи зиёда аз 20 нафар нозирони шабакаҳои барқии ноҳияҳои шаҳри  Душанбе муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд, ки бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулкони дӯкону мағоза ва манзилҳои истиқоматӣ ҳисобкунакҳои барқии онҳоро кушода гирифта, бо миёнаравии шаҳрванд Тоҷиддин Собиров, мутахассиси ин соҳа Маҳмадӣ Азизов барои кам пардохт намудани ҳаққи истифодаи қувваи барқ нишондодҳо, яъне киловатти ҳисобкунакҳои барқиро кам мекардааст.

Нозирони барқ бо муштариён, яъне истифодабарандагони неруи барқ маслиҳати пешакӣ намуда, баъд аз кам намудани нишондоди неруи барқи истифодашуда ҳисобкунакҳои барқиро дубора дар ҷойи худ насб намудаанд, ки бо ин кирдори ғайриқонуниашон ба буҷаи давлат хисороти калон пулӣ расонидаанд.

Чунончи, зимни пешбурди корҳои фаврӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки нозири барқи зеристгоҳи "Шаҳрӣ"-и Шабакаҳои барқии 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳрванд Муҳаммадалии Абдувалӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш бо миёнаравии Тоҷиддин Собиров якчанд ҳисобкунакҳои барқии шаҳрвандонро худсарона гирифта, нишондиҳандаҳояшонро кам намудаанд.

Аз ҷумла номбурда давоми моҳи июни соли 2020 ҳисобкунаки барқии маркази савдои "Абдулло", воқеъ дар суроғаи кӯчаи Зарафшони  ноҳияи Синои шаҳри Душанберо аз назар гузаронида, муайян намудааст, ки маркази савдои мазкур қувваи барқро тахминан ба маблағи 4500 сомонӣ истифода бурдааст.

Пас аз он ӯ бо намояндаи маркази савдои мазкур шаҳрванд Саидов Парвиз Аъзамхонович ҷиҳати ба маблағи пулии нисбатан камтар баробар намудани ҳаққи истифодаи неруи барқ маслиҳат ва ваъда додааст, ки бар ивази 3500 сомонӣ ҳисобкунаки барқиро баробар мекунад.

Пас аз маслиҳат нозири барқ Муҳаммадалии Абдувалӣ аз Парвиз Саидов- намояндаи маркази савдои мазкур 3500 сомонӣ гирифта, аз он 300 сомониашро ба миёнарав Тоҷиддин Собиров додааст.

Тоҷиддин Собиров аз рӯи маслиҳати пешакӣ ҳисобкунаки барқии ин маркази савдоро кушода гирифта, ба Азизов Маҳмадӣ Болтаевич додааст, ки ӯ дар навбати худ бо истифода аз технологияи компютерӣ ҳисоби онро кам кардааст. Номбурдагон маблағи 300 сомониро байни худ тақсим кардаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ