17:43 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3199 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд сафари кориаш аст, ки меҳмони хонаводаҳо мешавад ва бо сокинон сӯҳбати самимона анҷом медиҳад. Наворе, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ нашр карданд, бозгӯ намуданд, сӯҳбатҳо аз чӣ буд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Чанде пеш котиботи раисҷумҳур аз меҳмонии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи Воисовҳо дар Панҷакент гузориш дода буд.

Дар наворе, ки аз ин меҳмонӣ нашр шудааст, дида мешавад, президент сари як пиёла чой бо аъзоёни хонавода бештар аз кишт ва ҳосил сӯҳбат мекунад ва маслиҳатҳо медиҳад.

Сӯҳбат аз деҳқонӣ

Дар аввал ӯ пурсон мешавад, ки  аз замин чанд маротиба ҳосил мегиранд ва чӣ мекоранд.

"Якум ҳосилба картошка, дуюмашба помидор бодринг мекорем. Заминҳои президентӣ*  ҳам дорем, ки  картошка парвариш мекунем, ҳам талаботи хонаводаро бо ин маҳсулот таъмин мекунем ва ҳам ба бозор мебарорем", - мегӯяд дар посух сарвари хонавода.

Эмомалӣ Раҳмон ба ин оила маслиҳат медиҳад, ки гармхона низ кунанд. Ӯ меафзояд, гармхона, хело даромаднок аст.

"Камтар ҷояшро гармхона кунед, дар зимистон кабудӣ корида фурӯхта метавонед. Дар гармхона тобистону зимистон кор ҳаст ва даромади хуб гирифтан мумкин аст. Декабр, январ як кило помидор бодринг то 27 сомонӣ мешавад. Аз хона набаромада, маҳсулотатонро фурӯхта метавонед", - таъкид мекунад кишвардор.

"Қайларо қавурдоқ мегӯед?"

Президент ёдрас мешавад, ки бо ин захирае, ки аъзои хонавода аз меҳнати дасти худашон мегиранд, метавон зимистонро паси сар кард. Ӯ мисол меорад, ки метавон каме гӯшт ҳам захира карду ба зимистон пурра омода шуд.

"Як гусфандро метавон ба зимистон қайла кард. Шумо қайла мегӯед? Хуҷандба қавурдоқ мегӯянд. Дар тарафаи мо қайла мегӯянд, ки гӯштро дар равғани худаш бирён карда мегиранд".

Солҳои вазнин фаро мерасанд...

Эмомалӣ Раҳмнони дар ин сӯҳбат тавзеҳ медиҳад, ки чаро доим истифодаи босамари заминро таъкид мекунад. 

Ӯ дар ишора бар ҳамагирии коронавирус қайд мекунад, ки пайомадҳои ин беморӣ ба иқтисоди ҷаҳон хисороти бузурге меорад. Президент ишора мекунад, куи маҳз барои ҳамин мардум дар Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама дастнигари касе нашуда, ҳосил ҷамъ кунанд. "Агар дар бозор орд, ғалла набошад, одамхӯрӣ мешавад", мегӯяд президент.

"Солу замон ҳам вайрон, бисёр солҳои вазнин дар дунё, касе гуфта наметавонад, баъди КОВИД-19 чӣ мешавад, бояд кор кард. Таъкидҳои ман барои ҳамин", - меафзояд ӯ.

Маслиҳати раисҷумҳур ба занон

Эмомалӣ Раҳмон дар идома ба занон рӯй меоварад ва аз онҳо даъват мекунад, ки дар рӯзгордорӣ аз исроф даст кашанд. Ӯ дар ҳамин ҷо аз занони тоҷик ва ӯзбек тавсиф мекунад.

"Духтарову келиндҳо, исрофкорӣ накунед, сарфакор будан лозим. Худованд исрофкоронро бо шайтон баробар кардаст. Занҳои тоҷику ӯзбек ҳунарманд ҳастанд, таомҳои болаззат мепазанд", - мегӯяд ӯ.

 

Раисҷумҳур дар анҷом аз аҳли хонавода мепурсад, ки барояшон чӣ хизмате карда метавонад сӯҳбатро анҷом мебахшад.

Котиботи президент: сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон бо риояи талаботҳои беҳдоштӣ сурат мегирад

*Бо дастури президенти кишвар дар солҳои 1995-97 наздик ба 75 000 ҳектор замин ба мардум дода шуд, то аҳолиро аз қаҳтӣ ва гуруснагии давраи ҷанги Тоҷикистон наҷот диҳад. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки мардум бе ин ҳам худсарона дар заминҳои бекорхобида гандум ва сабзавот кишт карда буд. Вале "қитъаҳои президентӣ" дар ҳақиқат дар давраи сахт аҳолиро аз гуруснагӣ наҷот дод.

Мавзӯъҳои асосӣ