00:39 24 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
163 0 0

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад. Иншоот дар масоҳати 0,71 гектар бунёд гардидааст

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ низ майдони Парчами миллӣ ифтитоҳ шуд. Пештар дар чандин шаҳру навоҳии кишвар Парчами миллӣ тақрибан то 50-метра қомат афрохта буд.

Тавре котиботи президент хабар медиҳад, пояи парчам дар ноҳия 50 метр аст ва дар маросими ифтитоҳи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкат намудааст.

Аз майдони парчам то фермаи парандапарварӣ: Раҳмон чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард

Гуфта мешавад, Парчами давлатӣ дар кӯчаи Саидшариф Шарифови шаҳраки Бӯстон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон карда шуд.

Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад. Иншоот дар масоҳати 0,71 гектар бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст.

Дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 80 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонидаанд ва дар маҷмӯъ шумораи дарахтони ин мавзеъ зиёда аз 100 бехро ташкил дода, масоҳати сабзазор ба 3100 метри мураббаъ баробар мебошад. Дар назди Парчами давлатӣ ду фаввора ва дар ду шафати он суҳбаткада бунёд гардида, ҳамчунин 10 адад нишасткурсӣ насб шудаанд.

Баробари барафрохтани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон боз як макони сайругашт ва истироҳату фароғат фароҳам омад.

Раҳмон аз ҷой хест: гузашти ҳарбиёни тоҷик дар паради Маскав бо парчами Тоҷикистон - видео

Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳия барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ — оммавӣ низ мусоид мебошад.

Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Дар ин мавзеъ дар сутунпояҳои зебои гуногунҳаҷм 17 адад чароғаки ҳархела насб намудаанд, ки баробари равшаннамоӣ ҳамчунин зебоии майдонро таъмин менамоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ