Дар Русия ба муҳоҷирон андози нав бастанианд

© Sputnik / Евгений ОдиноковТрудовые мигранты в России
Трудовые мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, муҳоҷирон ӯҳдадор шаванд, ки патенти электронӣ тартиб дода, мувофиқи он дар намуди пешмузди муайяне маблағ супоранд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, ки тамоми муҳоҷироне, ки бо мақсади кор ба Русия сафар мекунанд, пешмузди муайяне пардохт кунанд. Дар ин бора РИА Новости гузориш медиҳад.

Процедура дактилоскопии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз изи ангушт то...: генерал Казакова гуфт, муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна назорат мешаванд
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора дар консепсияи ВКД Русия - тарҳи нави қонуни федералии масоили муҳоҷиратӣ хабар дода мешавад.

Интизор меравад, ки барои пардохти ин индоз муҳоҷирони меҳнатӣ бояд патенти электронӣ тартиб диҳанд. Онҳо танҳо пас аз пардохти андоз аз даромади инфиродӣ дар намуди пешпардохти муайян ба кор шурӯъ карда метавонанд.

Афзун бар ин, кордиҳандагон - чӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки шаҳрванди хориҷиро ба кор гирифтанианд, бояд дар вебгоҳи "Госуслуги" сабтином кунанд.

Ҳангоми пардохт накардани андоз нахуст ба муҳоҷирон огоҳӣ равон карда мешавад, ки пардохт кунад, дар ҳолати тайи 15 рӯз надодани пешмузд, онҳо аз ҳаққи кор маҳрум ва ё ҳатто ихроҷ карда мешаванд.

Дар тарҳи мазкур мӯҳтавои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор низ шарҳ дода мешавад.

Мисол, ҳаҷми маош, ки ба музди миёна дар минтақа баробар аст ва ё ҷаримаҳои пардохтнашуда ба назар гирифта мешавад.

Консули Тоҷикистон дар Русия барои муҳоҷирон китоб навишт

Ҳамчунин тибқи ин қонун ба ҳар як муҳоҷир ID-корт дода мешавад, ки дар он маълумотҳои инфиродии ӯ ҳифз мешаванд.

Ин тарҳи қонун дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0