00:12 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо далели шуюи коронавирус ва набудани парвозҳои муқаррарӣ, баста будани марзҳо дар Қазоқистон дар монда буданд, баргардонида шуданд

ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Тоҷикистон бештар аз 153 шаҳрвандашро аз Қазоқистон баргардонид, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, тоҷикистониён тариқи парвози махсуси "Сомон Эйр" ба ватан баргаштанд.

Парвози махсуси ширкати ватанӣ, имрӯз 14 сентябр сурат гирифтааст.

"Дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Ватан оварда шуданд", - менависад вазорат.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бо далели шуюи коронавирус ва набудани парвозҳои муқаррарӣ, баста будани марзҳо дар Қазоқистон дар монда буданд.

Феълан дар Русия низ шумораи зиёде аз шаҳрвандони кишвар дар интизори кушода шудани марзҳоянд.

“Сомон Эйр”: барои расонидани донишҷӯёни тоҷик ба Беларус парвози махсус сурат мегирад

Мавзӯъҳои асосӣ