18:23 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1164 0 0

Ахиран комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ эълон кардааст, ки адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашов, ки қаблан аз иштирок дар интихоботи президентӣ даъво дошт, барои сабти номи номзадиаш ба КМИР ҳеҷ ҳуҷате пешниҳод накардааст

ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Бино бар иттилои комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) қабули ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентӣ 30 рӯз пеш аз интихоботи президентӣ сурат мегирад. Дар интихоботи ҳозира ин сана нимашаби 10 сенятбр ба охир расидааст.

Тавре КМИР қайд кардааст, адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашов барои сабти расмии номзадиаш ба мансаби президентӣ ягон ҳуҷҷат ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод накардааст.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон номзадҳо ба мансаби президентӣ барои сабтином дар КМИР, ба ҷонибдории худ бояд на камтар аз 5 дарсад аз шумори умумии интихобкунандагон имзо ҷамъоварӣ кунанд.

Дар маъракаи интихоботи президентии кунунӣ 5 дарсади имзои интихобкунандагон 245 ҳазору 100 нафар аст.

КМИР бар онаст, ки адвокати ҷавон натавонистааст миқдори имзоҳои лозимаро ҷамъоварӣ кунад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш адвокати 30-сола аз Хоруғ Фаромӯз Иргашов эълон карда буд, ки номзадии худро дар интихоботи қарибулвуқуъӣ президентӣ пешбарӣ хоҳад кард.

Барчаспҳо:
ҷавон, адвокат, ҳуҷҷат, КМИР, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ