23:19 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
181 0 0

Намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз дарёфти даъватномаи расмӣ барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Лорен Барановский, сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эълом кард, ки рӯзи душанбе 14 сентябр даъватномаи расмӣ барои назорат бар интихоботи президентӣ, ки санаи 11 октябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ирсол шуда ва заминаи ҳузури гурӯҳи нозири ин созмон дар рӯзи интихобот фароҳам шудааст.

Вай афзуд, кори гузиниши аъзои гурӯҳи нозирони эъзомии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 11 октябри имсол оғоз шудааст.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз соли 2006 бар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ ва раёсатҷумҳурии Тоҷикистон назорат дорад ва ҳеч як аз интихоботи гузаштаро шаффоф ва мутобиқ бо меъёрҳои байналмиллалии мавриди назари ин созмон надонистааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ба нишонии Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати нозирони байналмилалӣ аз  ИДМ барои иштирок ба назорати омодагӣ ба баргузории интихоботи президентӣ даъватнома ирсол шуд.

Ба наздикӣ ҳайъати гурӯҳи нозирон аз ҳисоби намояндагони парлумон - иштирокдорони АБД ИДМ, кормандони котиботи Шӯрои АБД ИДМ ва коршимносон, ки дар дар назорати интихобот иштирок хоҳанд кард, муайян мешаванд.

Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
Интихоботи президентӣ, интихобот, назорат, Аврупо, САҲА, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ