23:05 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
134601

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократро рад кард

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Носирҷон Салимзода, муовини раиси КМИР ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели рад шудани номзадии Саидҷафъар Усмонзода дар ҷой доштани камбудиҳо дар аснодаш аст.

“Рӯзи 14 сентябр, як рӯз то муҳлати ниҳоии баррасии ҳуҷҷату асноди номзадҳо КМИР ба ҷаласа нишаст ва маълум шуд, ки дар ҳуҷҷатҳои Усмонзода камбудӣ ҷой доштааст”, - гуфт Носирҷон Салимзода. Муовини раиси КМИР тафсилоте бештар аз ин ироа накард.

"Хафа нестам": Усмонзода дар бораи тақаллубӣ хондани имзоҳои ҷамъкардааш

Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ, низ хабари рад шудани номзадиашро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карда, гуфт, сабабҳо барои ӯ ба таври шифоҳӣ гуфта шудаанд ва пас аз дарёфт кардани посухи расмӣ, ӯ ҳамаро расонаӣ хоҳад кард.

“Як чизе, ки ба ман гуфтанд, ҷой доштани тақаллуб дар имзоҳо аст. Мо 285 ҳазору 420 имзоро ба Комиссия таслим карда будем ва ба қавле, теъдоди бузурги онҳоро КМИР ботил кардааст. Дар умум, мо аз тасмими КМИР хафа нестем. Амалан ҳизби мо дар парлумон ҳузур дорад, касе фишорамон намеорад ва ин ба маънои идома доштани зиндагиву кори мо аст”, - гуфт Саидҷафъар Усмонзода.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳои мансаби президентӣ бояд на кам аз 5% - и интихобкунандагон имзо ҷамъ оварда, ба КМИР таслим кунанд ва ин рақам дар ҳоли ҳозир ҳудуди 245 ҳазор нафарро ташкил мекунад.

Имзоҳо - далели аз сабқати президентшавӣ канор мондани Усмонзода ва Иргашев

Дар баробари Саидҷафъар Усмонзода номзадии Фаромӯз Иргашов, адвокати ҷавон аз шаҳри Хоруғ низ бо далели нарасидани имзоҳо сабти ном нашудааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ тавонистааст беш аз 80 ҳазор имзо ҷамъ оварад, аммо ин барои пешбарии номзад ба президентӣ кофӣ нест.

Рӯзи 13 сентябр Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон номзадии Рустам Латифзода, номзади Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода, номзади Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, номзади Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро таъйид намуда, ба сабқати интихоботӣ роҳ дод.

Саидҷафъар Усмонзода, раис ва номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон, низ аз аҳзоби мухолифи созандаи ҳукумат ба шумор меояд. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2013 1,02 % - и раъйҳоро ба даст оварда буд.

Барчаспҳо:
КМИР, рад, Ҳизби демократ, номзад, номзадҳо, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ