15:29 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Рӯзи ҳабдаҳуми сентябр дар Украина аз Рӯзи кормандони мудофиаи гражданӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Амрико Рӯзи Сарқонун мебошад.

Рӯзи 17 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1918 дар Испания клуби футболи "Валенсия" ташкил гардидааст.

День 15 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1941 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии корҳои ҳарбӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.

Соли 1991 Латвия, Литва, Эстония, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аъзои СММ шуданд.

Соли 1922 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия аввалин консерти радиоӣ баргузор гардидааст. Дар ин рӯз аввалин маротиба калимаҳои "Гӯш кунед! Москва гап мезанад!" садо доданд.

Рӯзи 17 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе конференсияи  байналмилалии "Молия барои рушди авиатсия" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 13 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2013 дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ба итмом расидани марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи "Шаҳри бехатар" нишасти матбуотӣ доир шуд.

День 14 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  76-умин мавсими театрӣ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2012 кишвардори Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав ба имзо расониданд.

Ссоли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони Президентӣ барои кӯдакони болаёқат ба истифода дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат Конференсияи байналмилалӣ  бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи "Адолати суди конститутсионӣ-  кафолати таъмини волоияти Конститутсия" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 17 сентябр

  • Дар Ангола – Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Украина – Рӯзи кормандони мудофиаи гражданӣ.
  • Дар ИМА – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 17 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1912-2001)  Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Георгий Менглет.

Соли 1938  Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Мустафоқул Муртазоев.

Соли 1948  Ҳунарманди халқии Тоҷикистон,  дорандаи ҷоизаи ба нгоми А.Рӯдакӣ Фаррух Қосимов.

Соли 1954  Раиси Палатаи поёни парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Соли 1956  Нависанда Тулкин Хоҷа.

Соли 1957 – Рӯзноманигор Шукрисоҳиб Раҳматуллоев.

Соли 1958 – Композитор Ворис Абдураҳмонов.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷаҳон, ҷашн

Мавзӯъҳои асосӣ