04:24 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
818 0 0

 Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Оина” (“Зеркало”) иҷоза дод, ки фаъолияташро аз сар гирад. Ин қарор пас аз муроҷиати вазорати адлия содир шуд, ки чанд моҳи қабл аз ҳамин суд хоста буд фаъолияти “Оина” – ро қатъ кунад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Қаҳрамон Бақозода, раҳбари созмони ҷамъиятии "Оина", ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 14 сентябр суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар як ҷаласа бо ширкати ҷонибҳо дархости вазорати адлияро пазируфт ва аз ҳамон рӯз иҷоза дод фаъолияти созмон аз сар гирифта шавад.

Ин баҳс дар пайи як тафоҳум миёни мову вазорати адлия ба чунин анҷоми нек расид. Он чӣ аз мо вазорат талаб кард, иҷро кардем ва дигар чизе барои баҳс намонд”, - гуфт Қаҳрамон Бақозода.

Раёсат ва дафтарчаи Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Оина” ҳанӯз соли 2000 минҳайси як созмони ғайриҳукуматие, ки ба пажӯҳишҳои сотсиологӣ машғул мешавад, арзи вуҷуд кард ва дар ин миён ба яке аз марокизи муътабари назарсанҷиҳои Тоҷикистон табдил ёфт.

Ба қавли Қаҳрамон Бақозода, фаъолиятҳои созмон ҳар се сол аз сӯи вазорати адлия санҷида мешуд, аммо санҷиши охирин барои созмон осон науфтод. Ба қавли ӯ, моҳи декабри соли гузашта як ҳайати тафтишотии вазорати адлия зимни санҷиши фаъолияти созмон 9 камбудиро ошкор карданд.

“Аз ҷумла гуфтанд, ки созмон бояд Шӯрои раёсат дошта бошад. Ё дар сарбарг бояд рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН) сабт шаваду дар муҳр ҳам баъзе мушаххасот сабт гарданд. Аз 9 эрод мо ба 6 адади он розӣ шудем. Масалан, воқеан, тибқи қонунгузорӣ корхона агар 20 сол кор кунад, бояд Шӯрои раёсат дошта бошад ва аз сӯи раёсат бояд идора шавад”, - гуфт Қаҳрамон Бақозода.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти “Оина” ин қабил эродҳои вазорати адлияро, ки коргаронашон дафтарчаи меҳнатӣ надоранд ва ё бояд дар минтақаву вилоятҳо намояндагӣ ё филиал дошта бошанд, қабул накарданд.

Вазорати адлия: "Маркази фарҳангии Украина"-ро барҳам додем

“Кормандони мо ҳама дафтарчаи меҳнатӣ доштанд, аммо замони санҷиш як сӯитафоҳум шуд. Ё мо дар манотиқу вилоятҳо зарурат ба намояндагӣ надорем, зеро таҳқиқоти мо дар ин ё он маҳал муваққатӣ буда, дар як ҳафта ё даҳ рӯз анҷом мешаванд ва зарурат ба нигаҳ доштани як намояндагӣ вуҷуд надорад”, - гуфт Қаҳрамон Бақозода.

Аммо чаро кори “Оина” ба суд кашид?

Боз “вируси корона” 13 июли соли равон Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфта буд, ки ба "Оина" барои бартараф кардани қонуншиканиҳо як моҳ фурсат дода шуда буд, аммо дар ин муддат раҳбарияти созмон коре анҷом надод.

"Вазорати адлия хаттӣ ба созмон огоҳинома фиристод. Дар муҳлати як моҳ камбудиҳо бартараф нашуданд ва мо корро ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳавола кардем", - гуфт Асадулло Ҳакимзода.

10 июни соли равон ин суд ба муддати ду моҳ фаъолияти "Оина" – ро манъ кард. Аммо вазорати адлия як моҳ баъд дар ҳамон нишасти матбуотӣ эълон кард, ки агар созмон камбудиҳояшро ислоҳ кунад, метавонад фаъолияташро аз сар гирад.

Қаҳрамон Бақозода мегӯяд, “Оина” натавонист дар муҳлати як моҳе, ки вазорати адлия муқаррар карда буд, камбудиҳояшро рафъ кунад ва кор ба қатъи фаъолияти он анҷомид.

“Мо фақат моҳи март тавонистем ҳуҷҷатҳоро тахт кунем, ки аз вақти муайянкардаи вазорат хеле гузашта буд. Ҳуқуқшинос надоштем. Вақте вазорат омадем, гуфтанд, ки корамон ба суд рафтааст. Пас аз моҳи март ин ҷанҷоли “вируси корона” пеш омад. Кори мо ҳамин гуна кашол ёфт”, - гуфт Қаҳрамон Бақозода.

5 августи соли равон созмони ҷамъиятии Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Оина” дар вазорати адлияи Тоҷикистон муҷаддадан сабти ном шуд ва пас аз сипарӣ шудани ду моҳе, ки суд фаъолияташро қатъ карда буд, фаъолияташро аз сар гирифт.

Қаҳрамон Бақозода мегӯяд, дар оинномаи “Оина” тибқи талаботи вазорати адлия як идда тағйирот ворид шуд ва он чӣ хоста мешуд, анҷом гирифт.

“Миёни мо як ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад. Ин талаботи вазоратро, ки бояд Шӯрои раёсат таъсис ёбад, ё дар сарбаргу муҳр тағйирот ворид шавад ва ғайраро иҷро кардем. Вазорат ҳам далоили моро барои ҳатман доштани намояндагиҳоро қабул кард. Ё дар масъалаи дафтарчаҳои меҳнатӣ маълум шуд, ки як сӯитафоҳум шудааст. Мо якдигарро дуруст дарк кардем ва кор ба хайр анҷом пазируфт”, - гуфт Қаҳрамон Бақозода.

Нигаронии Вазорати адлия аз пошхӯрии оилаҳо: 12 ҳазору 482 ҳолат дар як сол

Ҳамин тавр, “Оина” – маркази маъруфи таҳқиқоти сотсиологӣ ё созмоне, ки бо назарсанҷиҳо дар саросари Тоҷикистон машғул аст, кори худро аз сар гирифт.

Мавзӯъҳои асосӣ