04:54 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3670 0 0

Вебгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон эълон намудааст, ки маҷлис барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон мекунад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар эълони вебгоҳ, ба Маҷлиси миллӣ 11 мутахассис - ёвари раиси Маҷлиси миллӣ, 2 сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, 2 Сармутахассиси шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ба кор даъват карда мешаванд.

Ҳамчунин мансабҳои  Сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, армутахассис оид ба корҳои махсус ва кадрҳои шуъбаи умумӣ, Мутахассиси пешбари шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Мутахассиси пешбари шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ, Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ ва Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ холӣ гуфта мешаванд.

Талабот барои хоҳишмандони ишғоли мансабҳои холӣ, маълумоти олӣ, 3 сол собиқаи кор дар хизмати давлатӣ, донистани Сарқонун, дониш ва малакаи роҳбарӣ, донистани забони давлатӣ ва хориҷӣ ва ғайра гуфта мешавад.

Нашри ҳолномаҳои аъзои Маҷлиси миллӣ: аз серфарзандию забондонӣ то хатми академияи хориҷӣ

Хоҳишмандон метавонанд ба нишонаи  kadr@majmilli.tj  ариза ба номи раиси Маҷлиси милллӣ,  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ, нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкӣ, нусхаи шиносномаашонро ирсол кунанд.

Маълумоти бештарро аз сомонаи Маҷлиси миллӣ гирифта метавонед.

Мавзӯъҳои асосӣ