Чаро Додгоҳи Олии Тоҷикистон ноболиғро ба 9 соли зиндон маҳкум кард

© Sputnik / Tabyldy Kadyrbekov / Гузариш ба медиабонкMəhbus, arxiv şəkli
Məhbus, arxiv şəkli - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, як нафар ноболиғ барои куштори ноболиғи дигар ба бештар аз 9 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Манбаъ менависад, ҳодиса охири моҳи маҳ рух дода, ноболиғ Идиев С.А. дар ҳолати мастӣ 4 корд задаву, ноболиғеро куштааст.

Молния в небе - Sputnik Тоҷикистон
Фавти ноболиғи 16 - сола аз оташак дар Панҷакент: подабонӣ рафт

Гуфта мешавад, нимашаб 26 май 4 нафар, ки ҳама ноболиғ буданд, барои баҳс ба манзили маҳкумшуда мераванд.

"Сафаров К.А., Олимов О.Р., Дабилов Н.М. ва Аҳмадзода К.Ҳ. якҷоя шуда, барои давом до дани муноқишаи қаблиашон ба назди манзили истиқоматии ноболиғ Идиев С.А. рафта, ӯро тавассути телефони мобилӣ ба беруни хонаашон даъват кардаанд", - тавзеҳ медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон: дар зарфи 6 моҳ 55 ноболиғ худкушӣ кардааст

Дар ҳамин ҳол, Идиев С.А. аз хонааш як адад корди хоҷагиро гирифта, ба ҷайби шимаш гузошта, ба беруни манзил назди номбурдагон баромада, бо ҳам вохурда, байни худ дар заминаи муноқишаи рӯзона оғоз шудаашон баҳс мекунанд, дар ҳамин маврид ноболиғ Сафаров К.А. бо дасти росташ ба рӯи Идиев С.А. як мушт задааст.

"Идиев С.А., ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз ин амали ӯ ба ғазаб омада, дар вуҷудаш бо таври ногаҳонӣ қасди содир намудани ҷинояти одамкушӣ ба вуҷуд меояд ва бо ин мақсад корди бо худ овардаашро аз ҷайби шимаш бароварда, ба узвҳои ҳаётан муҳими ноболиғ Сафаров Комрон Абдуқодирович чор маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа номбурда зарари вазнин ба саломатӣ бардошта, ба ҳалокат мерасад", - афзудааст додситонӣ.

 Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Идиев С.А. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,к” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) ба итмом расонида, барои барррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

 Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2020 Идиев С.А. барои одамкушӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 9 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи тарбиявии дорой низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

Куштори ноболиғ дар "Қаратоғ": бо санги 810 грамма задааст

Лентаи хабарҳо
0