04:52 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
260 0 0

Обуҳавошиносони Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ, дар қисме аз минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон шамоли шадид ва чангу ғубор мешавад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор шуда, тундбод ва хокрезиш интизор меравад.

Дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар суръати шамол аз 12 то ба 17 метр/сония мерасад. 

Дар ҷануби кишвар вилояти Хутлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бошад тӯфон, чангу ғубор ва раъду барқ хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ ҳарорат то 6-8 дараҷа паст шавад. 

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрӣ боқӣ монда, каме борон борад ва чангу ғубор мешавад. Ҳаво шабона 9-11 дараҷа гарм ва рӯзона то 22-24 дараҷа гарм хоҳад шуд. 

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони кӯтоҳмуддат ва то 7 дараҷа ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад. 

Дар шимоли Тоҷикистон вилояти Суғд борон, раъду барқ ва шамоли сахт хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ