Даргузашти олими физикдон Абуқаҳҳор Буриев аз бемории “илтиҳоби шуш”

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуқаҳҳор Буриев, устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар синни 65 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз донишкадаи мазкур гуфтанд, ки Буриев чор панҷ рӯз ба ин тараф дар Бемористони клиникавии Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд табобат мегирифт, вале субҳи имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим кардааст.

“Ин саҳар ба мо хабар доданд, ки устод дунёро падруд гуфтаанд. Шунидани ин хабари шум, мо ҳама дӯстону ҳамкоронро дилгир намуд. Худо биёмурзад Буриев аз устодони ботаҷрибаи донишкада буданд ва дар тарбияи шогирдони зиёде саҳми босазо гузоштаанд”, - зикр намуд манбаъ.

Бино ба иттилои манобеъ, ин устоди донишгоҳ дар Бемористони клиникавии Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ҷойе, ки беш аз панҷ моҳи охир гирифторони бемории ҳамагири каронавирус ва илтиҳоби шадиди шуш табобат карда мешаванд, интиқол ёфта буд, вале субҳи имрӯз аз хуруҷи “илтиҳоби шуш” ҷон ба Ҷонофарин супоридааст.

Аввалин раиси Суди Олӣ Шароф Маҳмудов даргузашт - Sputnik Тоҷикистон
Аввалин раиси Суди Олӣ даргузашт, касе ки истиқлолияти Тоҷикистонро расмият бахшид

Бархе аз дӯстони Буриев аз даргузашти ӯ хабар дода, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба аҳли хонаводаи марҳум изҳори тасаллият баён намудаанд.

Бино ба иттилоъи дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Буриев Абдукаҳҳор 15 уми ноябри соли 1955 дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи № 9 - и ноҳияро хатм намуда, соли 1973 ба факултаи метематика-физикаи Институти омӯзгории шаҳри Ленинободи собиқ, ҳоло Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дохил шудааст.

Фаъолияти кориашро ба сифати омӯзгор шурӯъ намуда, соли 1989 рисолаи илмиашро дар соҳаи физика - математика ҳимоя намудааст.

Тӯли ин солҳо ба сифати омӯзгор ва мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик М. Осимӣ фаъолият намуда, дар тарбияи илмии даҳҳо физикдонҳои ҷавон саҳми бориз гузоштааст.

Қарор аст, пас аз зуҳри имрӯз маросими ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич баргузор карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0