16:54 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
329001

Бар тибқи санади ташхиси судӣ - тиббӣ, ҷабридида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷавонзани 21 - соларо дастгир намуданд, ки дар расондани зарари вазнин ба саломатӣ, муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ин духтар сокини шаҳри Ваҳдат буда, ҷавони 25 - соларо оташ задааст.

Ҳодисаи мазкур санаи 26 - уми августи соли ҷорӣ, тахминан соати 12:00, дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух додааст.

Занашу худашро кушт ва чор фарзандро ятим кард: шарҳи куштор дар Панҷакент

Гуфта мешавад, сокини шаҳри Ваҳдат аз ҳиссиёти рашк ҷавони 25 - соларо, ки маъшуқааш будаст, бо истифода аз бензин оташ зад.

Манбаъ меафзояд, бар тибқи санади ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
оташ, рашк, ҷавон, Ваҳдат

Мавзӯъҳои асосӣ